Commons: Wiki дӯстдори Замин- 2024 дар Тоҷикистон/Қоидаҳо

From Wikimedia Commons, the free media repository
Jump to navigation Jump to search
This page is a translated version of a page Commons:Wiki Loves Earth 2024 in Tajikistan/Rules and the translation is 100% complete. Changes to the translation template, respectively the source language can be submitted through Commons:Wiki Loves Earth 2024 in Tajikistan/Rules and have to be approved by a translation administrator.
Хуш омадед ба Wiki Дӯстдори замин 2024 дар Тоҷикистон!
Оғоза Қоидаҳо Ширкат кунед Аксҳои боргузоришуда Омор Натиҷаҳо Давраи байналмилалӣ
Хуш омадед ба Вики Дӯстдори Замин 2024 дар Тоҷикистон!
Оғоза Қоидаҳо Ширкат кунед
Аксҳои боргузоришуда Натиҷаҳо Давраи байналмилалӣ

Ширкаткунандагон

  • Ҳар кас метавонад бо хоҳиши худ дар ин озмун ширкат варзад.
  • Барои иштирок кардан, шумо бояд ба Wikimedia Commons ҳамчун корбари маҳаллӣ ё бо ҳисоби глобалии Wikimedia ворид шавед. Шумо метавонед дар Wikimedia Commons инҷо чӣ гуна ҳисоби эҷод карданро пайдо кунед.
  • Ширкаткунанда бояд тавассути preferences ҳисоби худ нишонии почтаи электронии фаъолшуда дошта бошад.[1] Ширкаткунандагоне, ки маълумоти тамос надоранд (почтаи электронӣ дар ҳисоб ё маълумоти тамос дар саҳифаи корбар), ҳатто агар доварон акси онҳоро ба қадри кофӣ хуб арзёбӣ кунанд, наметавонанд ҷоиза бигиранд ва ба даври байналмилалӣ раванд. Агар шумо нишонии почтаи электронии худро дуруст фаъол карда бошед, дар тарафи чапи саҳифаи корбарии шумо пайванди "Паём ба корбар" пайдо мешавад. Дар хотир доред, ки нишонии почтаи электронии шумо дар ҳеч куҷо нашр карда намешавад ва ҳамаи мактубҳо метавонанд танҳо тавассути варақаи почтаи Викимедиа бидуни нишон додани нишонии шумо ба ирсолкунанда ба шумо фиристода шаванд.
  • Ҳама ширкаткунандаго розӣ ҳастанд, ки аксҳои худро дар зери литсензияи ройгон нашр кунанд, масалан Creative Commons Attribution-ShareAlike 4.0 ё ягон чизи дигаре, ки бо қоидаҳои Wikimedia Commons мувофиқ мекунад.

Аксҳо

  • Аксҳоро дар дилхоҳ вақт метавон гирифт, аммо бояд аз 1 июн, 00:00то 30 июн,23:59 (UTC+5) боргузорӣ шаванд.
  • <Як шахс метавонад шумораи дилхоҳи аксҳоро бор кунад, аммо ҳамаи аксҳо бояд кори худи боркунанда бошанд. Аксҳоеро, ки худатон нагирифтаед, бор накунед, ҳатто агар он аз ҳуқуқи муаллифӣ озод бошад ё намояндаи қонунии муаллиф бошед.
  • Аксҳо бояд дар саҳифаи файл қолаби иҷозатнома дошта бошанд (одатан он ба таври худкор илова карда мешавад, агар боркунанда якеро дар қадами аввали боргузорӣ интихоб карда бошад). Суратҳо бидуни иҷозатнома дар саҳифаи файл қабул карда намешаванд.
  • Аксҳое, ки ба озмун ворид шудаанд, бояд ба яке аз ёдгориҳои табиати Тоҷикистон аз рӯйхати ҷорӣ марбут бошанд; Рӯйхати ҷорӣ бо 3 забони баробар пешниҳод карда мешавад: Тоҷикӣ, Русӣ ва Англисӣ. Барои нишон додани риояи ин параграфи қоидаҳо тавсия дода мешавад, ки акс тавассути тугмаи боргузорӣ дар корти объекти мувофиқ бор карда шавад.
  • Мавзӯи акс бояд ба табиат алоқаманд бошад, аз қабили манзараҳо, наботот, ҳайвонот ва ғайра. Аксҳои одамон, биноҳо, мошинҳо, агар онҳо ҷузъи манзараи табиӣ набошанд, аксаран ғайримавзӯъӣ ҳисобида мешаванд.
  • Аксҳо бояд координатҳоро дар бар гиранд.[2]
  • Акс бояд бо сифати хуб, бо контрасти дуруст, тавозуни сафед ва танзимоти экспозитсия ва ҳадди аққал 2 мегапиксел бошад.[3] Тасвирҳои пастсифат (норавшан, аз ҳад зиёд контраст, таҳрифшуда ва ғайра) метавонанд бор карда шаванд, аммо онҳо имкони ғолиб шудан ё ба даври байналмилалӣ рафтан надоранд.
  • Аксҳои боршуда бояд барои бозтоби мақолаҳо дар Википедия муфид бошанд, аз ин рӯ ба расмҳо бо аломатҳои обӣ, санаи тасвирӣ ё ҳама гуна иловаҳои дигар, ки истифодаи иллюстративиро душвор месозад, иҷозат дода намешавад.

Хулоса

  • Пас аз анҷоми озмун, тибқи қоидаҳои байналмилалии озмун ҳакамон аз рӯи ду категория то 15 аксро интихоб мекунанд: манзараҳо ва макро; на бештар аз 10 сурат аз ҳар кадоме.
  • Ҳама аксҳо дар 2 марҳила баҳо дода мешаванд: дар марҳилаи аввал ҳакамон тамоми аксҳоро ба қоидаҳо мувофиқат мекунанд ва дар марҳилаи дуюм аксҳои мувофиқро аз рӯи сифат, мувофиқат ба мавзӯъ ва намояндагӣ ба ёдгории дақиқи табиӣ арзёбӣ мекунанд.
  • Ҳама қарорҳои ҳакамон ниҳоӣ буда ва шикоятҳо бозбинӣ намешванд. Дар хотир дошта бошед, ки интихоби мо метавонад каме субъективӣ бошад ва агар аксҳои шумо ғолиб наомада бошанд - хафа нашавед! Ҳама расмҳои хуб дар Википедия ва дигар лоиҳаҳои Викимедия тасвир мешаванд, то садҳо ва ҳатто ҳазорҳо одамон онҳоро бубинанд. Оё ин худаш бурд нест?
  • Айни замон ҷоизаҳо мавриди баррасӣ қарор доранд.
  • Ҳама расмҳои аз ҷониби ҳакамон интихобшуда дар даври байналмиллалӣ иштирок мекунанд, ки онҳо низ имкони ғолиб шуданро доранд.

Шароитҳои дигар

  • Матни ин қоида мувофиқи Моддаҳои 467—469-и Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди оммавӣ маҳсуб намешавад.
  • Бо ширкат дар ин озмун шумо бо қоидаҳои он комилан розӣ мешавед.
  • Дастаи тадорукот метавонад ин қоидаҳоро тағйир диҳад, то принсипи бозии одилонаро нигоҳ дорад.
  • Тамоми хароҷоти ширкаткунандагон ҳангоми иштирок дар озмун аз ҳисоби худи онҳо сурат мегирад.
  • Аксҳое, ки аз ҷониби аъзои дастаи ташкилкунанда ё аффиллиаторҳои онҳо бор карда шудаанд, наметавонанд ягон ҷоиза талаб кунанд. Иштироки эҳтимолии онҳоро танҳо дар пуштибонии ширкаткунандагон ва нишон додани намунаи хуб асоснок кардан мумкин аст.
  • Дастаи тадорукот барои вайрон кардани ҳуқуқи муаллиф аз ҷониби шахсони сеюм масъул нест, аммо уҳдадор мешавад, ки дар сурати ошкор шудани онҳо барои бартараф кардани чунин қонуншиканиҳо чораҳо андешад. Агар шумо фикр кунед, ки ҳуқуқи муаллифии шумо ё касе поймол шудааст, лутфан бо мо дар тамос шавед!
  • Ташкилкунандагони озмун аз масъулият барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳо озод карда мешаванд, агар имконнопазирии иҷрои онҳо дар натиҷаи ҳолатҳои форс-мажорӣ, аз қабили сӯхтор, обхезӣ, дигар офатҳои табиӣ, ҷангҳо, муноқишаҳои мусаллаҳона, бетартибиҳои оммавии шаҳрвандӣ ба амал омада бошад, эпидемияҳо, амалҳои террористӣ ва ғайра.

Иқтибосҳо

  1. Мо инчунин ба ҳар нафаре, ки иштирок мекунанд, маслиҳат медиҳем, ки дар саҳифаи корбар баъзе мухотибон гузоранд.
  2. Ин ҳатмӣ нест, аммо координатҳо муфиданд, агар шубҳа вуҷуд дошта бошад, ки оё акс сайти муҳофизатшавандаро тасвир мекунад ё не. Инчунин, аксҳои бидуни координат ба даври байналмилалӣ роҳ дода намешаванд.
  3. 2000×1000 пиксел ё монанди он.